Афзалиятҳои мо

Муносибати самарабахш, қарорҳои навоварона ва стандарти сифат дар самти тандурустӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва дастгирии логистикӣ.

service icon
Эпидемиология ва назорати сироятҳо

Ҳалли масъалаҳо ва навоварӣ вобаста ба назорати сироятҳо; рақамикунонӣ ва бартарафсозии мушкилот дар раванди ҷоринамоии технологияи иттилоотӣ (IT) дар соҳаи тандурустӣ; идоракунии партофҳои тиббӣ; дастгирӣ ва мурофиқати технологияи иттилоотӣ; таҳқиқ ва омӯзиш; дастгирии техникӣ; машварат ва кӯмакҳои муҳандисию техникӣ.

service icon
Санитраия ва гигиена

Андешидани чораҳои ҳамбаста ҷиҳати амалинамоии қоидаҳо ва меъёрҳои санитарӣ, стандартҳои санитарию гигиенӣ; ҷанбаҳои санитарияи об; бехатарии хӯрока; гигиенаи шахсӣ ва ғайра.

service icon
Ҳолатҳои фавқулодда

Дастгирии логистикӣ ва ташкилии системаи эътинои фаврӣ ба ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаи тандурустӣ; ҳалли масоил дар раванди ташкил ва идоранамоии технологияи иттилоотии системаи огоҳнамоии фаврӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда; дастгирии техникӣ ҷиҳати ҷоринамоии системаи электронӣ ва онлайн ба таври доимӣ (24/7) ва ғайра.

service icon
Қуллай ва мувофиқнамоии системаи ташхис

Навоварӣ ҷиҳати кутоҳсозии мӯҳлат аз ташхиси ниҳоӣ то оғози табобат; идора намудани партофҳои тиббӣ; бастабандӣ ва интиқоли намунаҳои озмоишгоҳӣ; назорати раванди иттилоот дар идоранамоӣ ва таҳлили маълумотҳои озмоишгоҳӣ.

service icon
Ғизо ва бехатарии хурокворӣ

Ғизо ва бехатарии маводҳои хӯрока; ғизои дуруст; кӯмакҳои техникӣ вобаста ба бехатарии маводҳои ҳӯрока; маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоз ва “гармхонаи сабз”.

service icon
Навоварӣ

Саломатии ягона (“One Health”), Клиникаи ҳушманд (“SMART Facility”); амалинамои стратегия оид ба қарорҳои аз ҷиҳати экологӣ дуруст дар самти тандурустӣ (“Climate Change” ва “Air Pollution”); дастгирии навовариҳо дар самти иктисоди сабз (“Green Economy”).

Дар бораи мо

Фазои имконот - иттиҳодияи ҷамъиятиест, ки фаъолияти он ба беҳтар намудани имкониятҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ равона гардидааст. Мо ҷиҳати ворид намудани хизматрасониҳо, ки ба талаботи инсон ва стандартҳои муосир ҷавобгӯ мебошанд, кӯшиш менамоем.

Бештар

Бо мо дар тамос шавед!

Шакли зеринро пур намоед. Кормандони мо дар муҳлати кутоҳтарин бо Шумо дар тамос мешаванд.

Инчунин Шумо метавонед бо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ё месенҷерҳо пайваст шавед.

Кӯчаи Мирзо Турсунзода, 45